22-05-2026

Интиқолҳои пулии оддӣ байни шахсони воқеӣ андозбандӣ НАМЕШАВАНД

Рӯзҳои охир дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте паҳн шуда истодааст, ки гӯё интиқолҳо тавассути ҳамёнҳои электронӣ пайгирӣ карда шуда, шаҳрвандон аз онҳо андоз месупоранд. Мо нигарониҳои шуморо дарк мекунем ва мехоҳем бо такя ба маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазъиятро равшан созем.

Муҳимтарин чизе, ки мизоҷони мо бояд донанд:

  • Интиқолҳои бе андоз: Интиқоли маблағҳои оддӣ байни шахсони воқеӣ бо мақсадҳои шахсӣ, оилавӣ ва дигар мақсадҳои ғайритиҷоратӣ объекти андозбандӣ намебошад. Барои интиқолҳои шахсии шумо ба хешовандон ва наздикон ҳеҷ гуна андозҳои нав ҷорӣ карда намешавад.
  • Сирри бонкӣ ҳифз карда мешавад: Механизми пешниҳодшаванда низоми сирри бонкиро пурра нигоҳ медорад. Маълумоти муфассал оид ба интиқолҳои мушаххаси шумо, ҳаҷм ё ирсолкунандагони онҳо ба мақомоти андоз ё дигар мақомот пешниҳод карда намешавад.

Пас моҳияти лоиҳаи нав дар чист? Лоиҳаи нави озмоишии давлат танҳо барои дастгирии тиҷорати хурд — соҳибкорони инфиродӣ (СИ), ки тавассути интернет савдо мекунанд ё хизматрасонӣ анҷом медиҳанд, равона шудааст. Давлат барои онҳо шароити бештар муфид ва сода фароҳам меорад:

  • Паст кардани меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6% то 3%.
  • Ба таври пурра бекор кардани санҷишҳои андозӣ дар давраи лоиҳаи озмоишӣ.
  • Озод намудан аз супоридани эъломияҳои андоз (система мустақилона ва ба таври худкор ҳисоботро таҳия мекунад).

Бонус барои харидорон Бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, барои харидорон ҳангоми пардохти ғайринақдии хизматрасониҳо ё молҳо дар чунин соҳибкорон ба таври худкор кешбэк (баргардонидани маблағ) ба андозаи 1% пешбинӣ шудааст.

Мо фаъолияти худро барои роҳат ва амнияти шумо идома медиҳем. Маблағҳо ва маълумоти шахсии шумо таҳти ҳимояи боэътимод қарор доранд.