27-11-2024

Клуби Бонувони ФИНКА барои занон семинари ройгон оид ба баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ баргузор кард

Клуби Бонувони FINCA семинари ройгонро дар мавзӯи “Бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ” бо иштироки Уғулой Бобоева, ҳуқуқшинос ва адвокати коллегияи адвокатҳои “Кафолат” баргузор кард.

Семинар 23 ноябр соати 9:00 дар филиали ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон, воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷараени чорабинӣ мавзӯъҳо зерин баррасӣ шуданд:

  • Шаклҳои ташкилӣ – ҳуқуқӣ
  • Принсипи Равзанаи ягона
  • Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорон
  • Ҷавобгарӣ барои ба қайд нагирифтани фаьолияти соҳибкорӣ

Иштирокчиён ба семинар таваҷҷӯҳи зиед зоҳир карданд ва саволҳои зиеде доданд, ки аҳамияти мавзӯъҳои муҳокимашавандаро нишон медиҳанд.

Мо ба Уғулой Бобоева барои баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии иштирокчиен миннатдории самимӣ изҳор менамоем. Инчунин ба ҳамаи ҳозирин барои иштироки фаъолона ташаккур мегӯем ва умедворем, ки донишҳои бадастомада дар фаъолияти касбии онҳо муфид хоҳанд буд.