12-08-2025

Клуби бонувони FINCA ба бизнес-наҳорӣ даъват менамояд!

Клуби бонувони FINCA бо хушнудӣ эълон менамояд, ки рӯзи 15 августи соли ҷорӣ, соати 8:30, бизнес-наҳорӣ баргузор мегардад. Чорабинӣ дар фазои бароҳати тарабхонаи Middle East (нишондиҳанда — ОВИР) сурат мегирад.

Дар вохӯрӣ шуморо сухангӯёни илҳомбахш интизоранд:
• Гуланор Атобек — Роҳбари ҶСК «Алиф Бонк», коршинос дар соҳаи молия, хавфҳо ва роҳбарии занон;
• Мунира Нугманова — Иҷрокунандаи вазифаи Директори амалиётии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА;
• Нилуфар Булбулшоева — Директори иҷроияи Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон (AmCham).

Ин имконияти нодир аст, то ҳикояҳо ва маслиҳатҳои занони муваффақ — роҳбарон дар соҳаи бизнес, молия ва нетворкингро бишнавед; масъалаҳои мубрамро баррасӣ кунед ва ҷавобҳои саволҳои муҳимро гиред; шабакаи робитаҳои худро васеъ намоед ва ҳамфикрон пайдо кунед!

Вуруд ройгон! Барои иштирок пешакӣ ба қайд гирифтан аз рӯйи пайванд зарур аст: http://bit.ly/4m6WrWF. (http://bit.ly/4m6WrWF)

Ин фурсати нодирро аз даст надиҳед ва қисми ҷомеаи дӯстона ва дастгиркунандаи мо гардед!

Мо бо ҳамагон дар бизнес-наҳорӣ вохӯриро интизорем!