05-05-2023

Мо 20 сола шудем!

Мо хурсанд ҳастем, ки 20-солагии ташкилоти худро ҷашн мегирем! Дар тӯли ин солҳо, мо ифтихор дорем, ки ба мизоҷони худ хизматрасониҳои боэътимоди молиявӣ пешниҳод карда истодаем ва ба онҳо дар расидан ба ҳадафҳои молиявии худ кумак мекунем. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ, FINCA Тоҷикистон тавонист таҷрибаи беназири хизматрасониро созад ва ба боварии муштариёни худ сазовор шавад.

Мо мехоҳем ба ҳамаи муштариёни худ барои боварие, ки ба мо зоҳир мекунанд, миннатдории самимӣ баён намоем. Фахр мекунем, ки бо шумо рушд мекунем ва шарики боэътимоди шумо гардидаем. Бе шумо мо ба ин гуна муваффақият ноил шуда наметавонистем. Мо ваъда медиҳем, ки минбаъд низ ба муштариёни худ хизматрасониҳои баандсифат пешкаш хоҳем кард ва ба онҳо дар идоракунии молияи онҳо кумак хоҳем дод. ⠀⠀

Бо эҳтиром, FINCA Тоҷикистон.