15-11-2024
Офиси нави ФИНКА Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ифтитоҳ гардид!
Мо бо хушнудӣ ифтитоҳи офиси нави ФИНКА Тоҷикистонро дар ноҳияи Ёвон эълон мекунем!
Ин чорабинии муҳим намояндагони Ҳукумати н. Ёвон ва мизоҷони азизи моро ҷамъ овард, ки қисми ин лаҳзаи муҳим гардиданд.
Дар маросими тантанавӣ Директори генералии ФИНКА Тоҷикистон Сергей Ким бо мизоҷон сӯҳбати ҷолибе анҷом дода, ниезҳо ва хоҳишҳои онҳоро муҳокима кард. Мо ҳамеша мекӯшем, ки ба мизоҷони худ наздиктар шавем ва онҳоро дар роҳи муваффақият нигоҳ дорем!
Ба яке аз мизоҷони фаъоли мо ва аъзои Клуби Бонувони FINCA Шарипова Шаҳриниссо диққати махсус дода шуд. Мо бо ифтихор ба ӯ сипоснома ва роҳхатро ба осоишгоҳи Шоҳамбарӣ барои саҳми назаррасаш дар рушди Клуби Бонувони ФИНКА супоридем.
Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар ифтитоҳ ширкат варзиданд ва умедворем, ки ҳамкории минбаъда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд!






