17-02-2025
Рушди иқтидори бонувон : Дар Бохтар ва Кӯлоб омӯзишҳо оид ба рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM дар доираи Клуби Бонувони FINCA баргузор шуд
Аз 21 то 24 январи соли 2025, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ба майдонҳои омӯзишии илҳомбахши “Рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM” табдил ёфтанд. Чорабиниҳо аз ҷониби Клуби Бонувони FINCA бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуданд.
Иштирокчиён аз минтақаҳои гуногун тавонистанд на танҳо дониши худро амиқтар созанд, балки воситаҳои амалиро барои пешбурди тиҷорат ва рушди шахсӣ низ ба даст оранд.
Барномаи тренингҳо ду самти асосиро дар бар мегирифт. Дар омӯзиши малакаҳои роҳбарӣ, бизнес-тренер Аҳмедов Бобохон оиди стратегияҳои идоракунии дастаҳо, қабули қарорҳо ва ҳавасмандкуниро мубодила кард. Дар доираи омӯзиши SMM, иштирокчиён асосҳои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, банақшагирии он ва таҳлили мизоҷонро омӯхтанд. Инчунин, ба дастаи SmartHub ва шарикон барои кӯмак дар ташкили омӯзишҳо ташаккур мегӯем.
Иштирокчиёни омӯзишҳро омӯзишҳои амалиро баланд арзёбӣ намуданд: мастер-классҳо, мисолҳо ва муҳокимаҳои гурӯҳӣ имкон доданд, ки дониши гирифтаро фавран истифода баранд. Чунин ташаббусҳо соҳибкории занонро тақвият медиҳанд ва барои рушди тиҷорати хурд дар минтақаҳо имкониятҳои нав фароҳам меоранд.
Клуби Занони FINCA ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, мураббӣ Аҳмадов Бобохон ва шарикон барои дастгирӣ ташаккур мегӯяд. Мо дар барномаҳое кор карда истодаем, ки ба занон кӯмак мекунанд, то пешвоёни боэътимод ва менеҷерони муассир шаванд.






