25-06-2025

Рӯзи дониш дар бораи молия: ФИНКА Тоҷикистон дар Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Турсунзода иштирок варзид

25 июн дар шаҳри Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ – чорабинии васеъмиқесе баргузор шуд, ки ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ равона карда шудааст. Дар байни иштирокчиени фаъоли фестивал ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон баромад карда, ӯҳдадории худро ба рисолати маърифати молиявӣ ва дастгирии мизоҷон дар роҳи некӯаҳволии устувор тасдиқ намуд.

Меҳмонони фестивал имконият пайдо карданд, ки дар бораи хизматрасониҳои молиявии дастрас маълумоти бештар гиранд, идоракунии буҷети шахсиро омӯзанд ва инчунин ба намояндагони ташкилотҳои молиявӣ саволҳои ҷолиб диҳанд. Дастаи ФИНКА Тоҷикистон бо хурсандӣ маълумоти муфидро дар бораи имкониятҳои хизматрасонии онлайни FINCA Online мубодила карда, ба ҳама хоҳишмандон дар масъалаҳои пасандоз, қарздиҳӣ ва ҳаллҳои рақамӣ машварат дод.

Фестивал барои муколамаи ошкоро, мубодилаи таҷриба ва эҷоди эътимод байни муассисаҳои молиявӣ ва сокинони шаҳр як макони олӣ гардид. Бояд қайд кард, ки чунин ташаббусҳо ба ташаккули ҷомеаи аз ҷиҳати молиявӣ босавод мусоидат мекунанд.