31-10-2024
Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо
Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо (“World Savings Day”) ҳамасола санаи 31 октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад, ки ҳадафи асосии он тарғибу ташвиқи самаранокии пасандозҳои бонкӣ ва баландбардории саводнокии молиявии шаҳрвандон мебошад.
Ин рӯз ҳамчун ёддошти муҳим барои омаи васеъ оиди аҳамияти баланд бардоштани маърифати молиявӣ, ташаккули одати банақшагирии молиявӣ, сарфакорӣ ва пасандозгузорӣ, аҳамияти пасандозҳо барои афзун намудани некӯаҳволии шахсӣ, вазъи молиявии оила ва билохир таъсири мусбии он ба бахши бонкӣ-молиявӣ ва рушди иқтисоди давлат, баромад менамояд.
Таърихи пайдоиши Рӯзи умумичахонии пасандозҳо
Таърихи қайд кардани Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо аз Конгресси якуми бонкҳои амонатии 29 кишварҳои дунё, ки дар шаҳри Милан (Итолиё) сад сол муқаддам, яъне соли 1924 баргузор гардида буд, оғоз меёбад. Бо пешниҳоди Филиппо Равизза ном профессори итолиёвӣ рӯзи охирини конгресси мазкур “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо” эълон ва аз ҷониби иштирокчиёни он дастгирӣ гардид. Ҳадаф аз ин, ҷалби бештари диққат ба масъалаҳои саводнокии молиявӣ ва нақши пасандозҳо, пайваста тарғибу ташвиқ намудани аҳли ҷомеа оиди афзалиятҳои амонат гузоштани пулҳои худ дар бонкҳо назар ба нигоҳдории онҳо дар хонаву зери “матрасҳо” буд. Аз он вақт то инҷониб, Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳо ҳамасола дар саросари ҷаҳон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ қайд карда мешавад.
Аҳамияти амонату пасандозҳо
Пасандозҳо ва амонатугузорӣ бинобар омилҳои мухталиф дар банақшагирии молиявӣ ва устувории вазъи молиявӣ аҳамияти калон мебозад.
Аҳамияти бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар афзун намудани ҳаҷми пасандозҳо, бахусус тавассути ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, ки дар ташкилотҳои қарзӣ суратҳисоби бонкӣ надоранд, зиёд мебошад. Бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд дар ин раванд бо пешниҳоди доираи васеи маҳсулотҳои амонату пасандозӣ, гузаронидани чорабиниҳо ва паҳнкунии маълумот дар бораи хизматрасониҳои худ, мизоҷон ва аҳолиро барои пасандозкунӣ ҳавасманд менамоянд.


