26-08-2024

Соли маърифати ҳуқуқӣ: Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳои худ маълумот гиред!

Амонату пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Ин Хазина барои таъмини ҳуқуқи амонатгузорон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи амонату пасандозҳо” (аз 2 августи соли 2011 no 758) таъсис дода шудааст.

Дар сурати рух додани ҳолати суғуртавӣ дар ташкилоти қарзӣ, Хазина маблағҳои суғурташудаи амонатгузоронро ба маблағи то 35,000 сомонӣ ҷуброн менамояд. Ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд, ки ба Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон дохил мешаванд, шаҳодатномаи узвият доранд.

Бояд қайд кард, ки суғурта аз ҳисоби ташкилотҳои қарзӣ сурат мегирад, бинобар ин амонатгузорон хароҷоти иловагӣ надоранд. Маълумоти Муфассалро дар бораи Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон, инчунин маълумотро барои амонатгузорон дар сомонаи расмии Хазина дастрас кардан мумкин аст www.idif.tj

Пасандозҳои худро ба ҳифзи боэътимод супоред!