09-10-2025

Таъини Андрей Палка ба мансаби Директори генералии FINCA Тоҷикистон

Душанбе, Тоҷикистон – FINCA Тоҷикистон дар бораи таъини Андрей Палка ба ҳайси Директори генералии нави худ эълон мекунад, ки вазифааш амалӣ намудани рисолати ташкилот оид ба бартарафсозии камбизоатӣ тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявии масъулиятнок ва маърифат дар саросари кишвар аст.
Андрей Палка дорои таҷрибаи зиёда аз бистсолаи фаъолият дар соҳаи бонкдорӣ, молия ва роҳбарии стратегӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ мебошад. Диди глобалӣ ва собиқаи собитшудаи ӯ дар самти пешбурди рушд ва тағйирёбии институтсионалӣ барои ташаккули ояндаи FINCA Тоҷикистон муҳим хоҳад буд.
Солҳои охир, Андрей вазифаи Раиси Раёсат ва Директори генералии «Имон Интернешнл», яке аз муассисаҳои пешбари молиявии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Дар ин ҷо ӯ ҳайати зиёда аз 1,500 кормандро дар 130 филиал ва марказҳои хизматрасонӣ идора намуда, ташкилотро тавассути рушди стратегӣ, табдили рақамӣ ва такмилёбии амалиётӣ роҳнамоӣ мекард. Собиқаи кории ӯ инчунин мансабҳои роҳбарикунандаро дар бахши бонкии Украина дар бар мегирад, аз ҷумла Раиси Раёсати DVBank, ки дар ин муассиса афзоиши экспоненсиалии дороиҳо ва эътирофи миллиро назорат мекард.
“Ман аз имконияти вусъат додани доираи хизматрасониҳои молиявии барои сокинони Тоҷикистон дастрас ва он дастгире, ки ба мизоҷони мо дар беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат мекунад, хушҳолам”, – чунин гуфт мӯҳтарам Палка. “Ҳар як шахс сазовори имконияти мустақилона муайян кардани сарнавишти худ аст ва мо мекӯшем, ки онро ба воқеият табдил диҳем.”
FINCA Тоҷикистон муддати тӯлониес ҳамчун як муассисаи бонуфуз ва масъулиятнок эътироф шудааст, ки ба беҳбудӣ бахшидани сатҳи зиндагии мардум тавассути дастрасии молиявӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз соли 2003 инҷониб FINCA Тоҷикистон ба беш аз 180 000 муштарӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба 132 000 муштарӣ дар деҳот хизмат мерасонад. Қарзҳои пешниҳоднамудаи FINCA ба маблағи 390 миллион доллар ба сатҳи зиндагии 1 миллиону 100 ҳазор нафар аҳолӣ беҳбудӣ бахшида, 268 ҳазор ҷойи корӣ таъсис додааст.
“FINCA шарики боэътимод барои ҳазорон нафар ва оилаҳост. Ташкилот маҳсулот ва хизматрасониҳои худро дар асоси эҳтиёҷоте, ки мизоҷони мо ба мо мегӯянд, таҳия мекунад”, – илова кард Андрей. “Мо мекӯшем, ки ба мизоҷони худ дар бартараф кардани мушкилот ва ноил шудан ба ҳадафҳои худ кӯмак расонем.
Дар бораи FINCA Тоҷикистон: Ҳамчун як ҷузъи шабакаи глобалии маблағгузории хурди FINCA, FINCA Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба мизоҷони камдаромад, бахусус занон ва сокинони деҳот хизматрасониҳои масъулиятноки молиявӣ ва таҳсилотро пешниҳод намояд.
Дар бораи FINCA Impact Finance:
FINCA Тоҷикистон ҷузъи FINCA Impact Finance, шабакаи байналмилалии ташкилотҳои маблағгузории хурд мебошад. Миллионҳо соҳибкорон ба ӯҳдадории FIF оид ба ҳифзи мизоҷон ва хизматрасонии беҳамто эътимод доранд, ки ба онҳо дар бунёди ояндаи беҳтар барои худ, оилаҳо ва ҷомеаҳои худ кӯмак мерасонад.
FINCA дар тӯли зиёда аз 40 сол барои миллионҳо мардум дастрасӣ ба хизматрасониҳои масъулиятноки молиявӣ ва таҳсилотро фароҳам оварда, ба онҳо дар афзоиш додани сарват, баланд бардоштани устуворӣ, омӯзиши худ ва омӯзонидани оилаҳои худ кӯмак мерасонад.