27-08-2025

Тағйирот дар ҳаққи гирифтани пули нақд тавассути банкоматҳо ва POS терминалҳо

Аз 1 сентябри соли 2025 ҳаққи гирифтани пули нақд бо истифода аз кортҳои бонкии иштирокчиёни дигари NPS Корти Миллӣ тавассути банкоматҳои FINCA ва POS терминалҳо 1% мебошад.

Лимити гирифтани пули нақд бо истифода аз кортҳои бонкии дигар иштирокчиёни NPS Корти Миллӣ тавассути банкоматҳои FINCA ва POS терминалҳо дар як рӯз 2000 сомониро ташкил медиҳад.