17-06-2025

ТАҚХ ФИНКА дар ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар филиали ДДМ дар шаҳри Душанбе иштирок варзид

Имрӯз, 17 июни соли 2025, дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор шуд, ки он намояндагони ширкатҳои пешрафта ва донишҷӯенеро, ки ба сохтани мансаби муваффақ манфиатдоранд, муттаҳид кард.

ТАҚХ ФИНКА дар чорабинӣ фаъолона иштирок карда, ба донишҷӯен ва хатмкунандагон имкониятҳои корӣ, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбиро дар ташкилот пешниҳод намуд. Донишҷӯён аз ФИНКА дар бораи ҷойҳои холии корӣ, шароити кор, инчунин фарҳанги корпоративӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ барои кормандон маълумоти муфассал гирифтанд.

Кормандони ташкилот ба саволҳои мутахассисони ҷавон посух доданд ва дар бораи манфиатҳои кор дар бахши маблағгузории хурд сӯҳбат карданд. Инчунин дар чорабинӣ маводҳои иттилоотӣ ва тӯҳфаҳо бо рамзҳои ташкилот паҳн карда шуданд ва ҳар касе, ки мехост, метавонад аризаи худро барои қабул ба кор гузорад е тавассути рамзи QR ба қайд гирифта шавад.

Иштирок дар чунин чорабиниҳо қисми муҳими стратегияи ТАҚХ ФИНКА оид ба ҷалб ва рушди истеъдодҳои ҷавон мебошад, ки омодаанд дар рушди устувори бахши молиявии Тоҷикистон саҳм гузоранд.