09-04-2025
ТАҚХ FINCA Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи мизоҷон ба унвони дараҷаи олӣ сазовор гардидааст
FINCA Тоҷикистон ба сатҳи баландтарини Сертификатсияи Муҳофизати Мизоҷон ноил гардид, ки аз ҷониби агентии рейтингии ҷаҳонии MFR дар асоси дастурҳои пешниҳоднамудаи Cerise+SPTF дода шудааст.
Сертификатсия дар Соҳаи Ҳифзи Мизоҷон арзебии мустақили шахси сеюм мебошад. Сертификати тилллоӣ нишон медиҳад, ки FINCA Тоҷикистон ба стандартҳои қатъии ҳифзи мизоҷон, ки дар Стандартҳои Универсалии Идоракунии Таъсири Иҷтимоии Cerise+SPTF оварда шудаанд, мувофиқат мекунад.
Директори генералии FINCA Тоҷикистон Сергей Ким қайд намуд, ки ҳифзи мизоҷон ҷои аввалро мегирад.
“Барои мо гирифтани Сертификати Олӣ дар Соҳаи Ҳифзи Мизоҷон шараф аст – ин тасдиқи ӯҳдадории мо ба хизматрасониҳои масъулиятнок ва ростқавлонаи молиявӣ мебошад. Ин дастовард садоқати моро инъикос мекунад, то ҳар як мизоҷе, ки аз ҷониби мо хизматрасонӣ карда мешавад, ба қарорҳои одилона, шаффоф ва бехатари молиявӣ дастрасӣ дошта бошад. Мо итминон дорем, ки эътимод ва масъулият асоси фарогирии устувори молиявӣ мебошанд. Ва ин сертификат вазифаи асосии моро барои дастгирии мардум ва тиҷорат дар Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани имкониятҳои молиявӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо нишон медиҳад. Минбаъд низ мо ба ҳифзи мизоҷон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем ва ҳангоми афзоиш ба стандартҳои баландтарин риоя хоҳем кард” – қайд намуд Ким Сергей.
FINCA Тоҷикистон ба ширкатҳои фаръии FINCA Impact Finance дар Арманистон, Озарбойҷон, Гватемала, Урдун, Косово ва Қирғизистон ҳамроҳ шуда, сертификати тиллоӣ гирифт. Ширкатҳои фаръии шабака дар Ҷумҳурии Демократии Конго ва Малави сертификати нуқрагин ба даст оварданд.
Дар Бораи FINCA Impact Finance
FINCA Тоҷикистон як қисми FINCA Impact Finance (FIF), шабакаи ташкилотҳои пешрафтаи маблағгузории хурд дар саросари ҷаҳон мебошад. Миллионҳо соҳибкорон ба ӯҳдадории FIF ба ҳифзи мизоҷон ва таҷрибаи беҳамтои онҳо такя мекунанд, то ба онҳо дар сохтани ояндаи беҳтар барои худ, оилаҳояшон ва ҷомеаҳои онҳо кӯмак расонанд.
FIF ба мизоҷон имконҳо фароҳам оварда, барои онҳо дастрасӣ ба маҳсулот ва таҳсилоти зарурӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, саломатӣ ва устувории молиявӣ ва инчунин барои идомаи таҳсили фарзандони онҳо таъмин менамояд.
Дар Бораи FINCA Тоҷикистон
FINCA Тоҷикистон ба зиеда аз 40 ҳазор мизоҷон тавассути воситаҳои анъанавӣ ва рақамӣ, аз ҷумла шабакаи 26 филиал дар саросари кишвар хизматрасонӣ мекунад. Илова бар пешниҳоди маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои молиявӣ, FINCA Тоҷикистон барномаи Клуби Бонувони FINCA-ро оғоз кардааст, ки омӯзиши саводнокии молиявиро пешниҳод мекунад, то мизоҷон барои қабули қарорҳои оқилонаи молиявӣ дониши зарурӣ дошта бошанд.
Дар бораи Сертификатсия дар Соҳаи Ҳифзи Мизоҷон
Сертификатсияи ҳифзи мизоҷон як арзёбии мустақили тарафи сеюм аст, ки мӯҳри воқеии эътимодро таъмин мекунад, ки провайдери хидматрасонии молиявӣ барои татбиқи принсипҳои қавии ҳифзи мизоҷон муҷаҳҳаз шудааст, ки дар «Роҳи Ҳимояи Мизоҷон» Cerise+STPF оварда шудаанд.
Cerise+SPTF Стандартҳои Универсалии Идоракунии Самаранокии Иҷтимоӣ ва Муҳити Зистро нигоҳ медорад, ки барои агентиҳои пешбари рейтинг, аз ҷумла MFR роҳнамо пешниҳод мекунад, то пурмазмун ва пайваста будани Сертификатсияҳои ҳифзи мизоҷонро таъмин кунад.


