03-03-2024
ФИНКА Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Global Money Week омӯзишҳо баргузор намуд
Дар доираи лоиҳаи Global Money Week ва ҳафтаи саводнокии молиявӣ ФИНКА Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳрҳои Ваҳдат ва Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Темурмалик, Восеъ, Мӯъминобод, Ҳамадонӣ ва Фархор омӯзишҳои таълимии ҷолиб баргузор намуд.
Иштирокчиёни ҷавон дар тренингҳо ва семинарҳо дар бораи молия, пасандозҳо, сарфа кардани пул, қарзҳо ва фаъолияти сектори бонкии Ҷумҳурии Тотористон маълумоти зиёде гирифтанд.
ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон лоиҳаи Global Money Week-ро дастгирӣ намуда, ҳамасола дар рушди саводнокии молиявии ҷавонони Ватанамон саҳми худро мегузорад.





