04-11-2024
Форуми байналмилалии молиявии “ESG – ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар” баргузор гардид
ФИНКА Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии молиявии “ESG — ҳамчун омили рушди устувори иқтисоди кишвар”, ки 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ширкат варзид. Чорабинии Ташкилкардаи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон мутахассисони соҳаро барои муҳокимаи масъалаҳои мубрами масъулияти экологӣ ва иҷтимоӣ ҷамъ овард.
Ҳайати ФИНКА Тоҷикистон, ки Директори генералӣ Сергей Ким ва Директори молиявӣ Абунаср Шарифов роҳбарӣ мекарданд, дар сессияҳои гуногуни форум фаъолона иштирок намуданд. Гурӯҳ ӯҳдадории ташкилотро ба молияи устувор тавассути пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳо дар ярмаркаи марбута нишон дод.
Яке аз нуқтаҳои калидии форум муҳокима панелӣ доир ба дастгирии бонувони соҳибкор буд. Гулноза Солиева, Менеҷери барномаи рушди фарогирии бонувони ФИНКА Тоҷикистон, дастовардҳои Клуби Бонувони ФИНКА-ро муаррифӣ кард. Ин ташаббус ба бисер занон имконият дод, ки малакаҳои саводнокии молиявӣ ва пешбурди тиҷоратро ба даст оранд.
Илова бар ин, дар доираи чорабинӣ ҷоизадории ташкилотҳои молиявӣ ва шахсони алоҳида барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи бонкии кишвар баргузор гардид. Директори молиявии ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон Абунаср Шарифов барои саҳми назаррас дар рушди бахши бонкии Тоҷикистон қадрдонӣ шуда, соҳиби ҷоиза гардид.






