15-03-2025

15 март – Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон!

Ҳар сол, 15 март, мо Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқууи истеъмолкунандагонро ҷашн мегирем, ки зарурати ҳимояи ҳуқуқҳои ҳар як шахсро ҳамчун истеъмолкунанда хотиррасон мекунад. Дар ин рӯз мо аҳамияти огоҳ будан аз ҳуқуқҳо ва имкониятҳои худро барои ҳифзи онҳо таъкид мекунем.

Дар Тоҷикистон мо низ мекӯшем, ки ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро таъмин намоем. Мо мефаҳмем, ки ҳар як муштарӣ ба хизматрасониҳои босифат, иттилооти ростқавл ва муносибати одилона ҳуқуқ дорад. Дар ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то манфиатҳои муштариенамон ҳифз ва ҳуқуқҳои онҳо риоя карда шаванд.

Агар шумо бо вазъияте дучор оед, ки ҳуқуқҳои шумо ҳамчун истеъмолкунанда поймол карда шудаанд, мо шуморо ташвиқ мекунем, ки дар канор намонед. Шумо ҳамеша метавонед тавассути телефони боварии ФИНКА Тоҷикистон муроҷиат намоед: 446002323. Дастаи мо омода аст, ки шуморо гӯш кунад ва дар ҳалли мушкилоти ба миен омада кӯмак расонад.