27-01-2025
2 сол якҷоя: Сафари Клуби бонувони ФИНКА ба сӯи муваффақият
2 солагии Клуби Бонувони FINCA ҷашн мегирем! Дар соли 2024 Клуби мо муваффақиятҳои назаррас ба даст овард ва як ҷомеаи беназиреро таъсис дод, ки зиеда аз 2486 занро барои рушд ва мустақилияти молиявӣ муттаҳид мекунад.
Мо фахр мекунем, ки дар соли 2024 дар доираи Клуби бонувон:
• 342 иштирокчӣ мизоҷони пасандозӣ шуданд,
• 2682 зан барои татбиқи ғояҳои тиҷоратии худ қарз гирифтанд,
• 1191 зан истифодабарандаи фаъоли кортҳои мо гаштаанд.
Инчунин, дар ду сол мо 56 чорабинӣ, аз ҷумла омӯзишҳо, семинарҳо, гурӯҳҳои фокусӣ ва форумҳоро баргузор намудем, ки мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегиранд, ба монанди “Саводнокии молиявӣ”, “Саводнокии молиявии рақамӣ”, “Омӯзиши якрӯза доир ба SMM” ва “Бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”. Ин чорабиниҳо ба 854 иштирокчӣ кӯмак карданд, ки дониш ва малакаи худро васеъ кунанд.
Мо фахр мекунем, ки ду аъзои фаъоли Клуби мо дар озмуни АМФОТ дар номинатсияи “Бонувони соҳибкори муваффақ дар соҳаи кишоварзӣ” мукофотонида шуданд. Ба ғайр аз он, Клуби бонувони FINCA дар номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти молиявӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои марбут ба дастгирии бонувони соҳибкор”ҷои 2-юмро ишғол намудааст.
Инчунин муҳим аст, ки ду иштирокчии мо “Сафирони Клуб” таъин карда шуданд, ки ин нақши фаъоли онҳоро дар рушди ҷомеаи мо таъкид мекунад.
Дар соли 2024 бо иштироки Клуби бонувон ва Шӯрои Нозирони FINCA Тоҷикистон мулоқот баргузор кардем, ки дар он масъалаҳои муҳим ва нақшаҳои ояндаро муҳокима намудем.
Ташаккур ба ҳамаи мизоҷон барои иштирок ва дастгирии фаъол! Мо дар пеш бисер имкониятҳо ва дастовардҳои нав дорем. Биеед якҷоя рушд кунем!


