05-06-2024
ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон дар номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор ” ҷои дуюмро сазовор гашт
ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон барои кӯшишҳои худ дар васеъ намудани имкониятҳои иқтисодии бонувони Тоҷикистон эътироф гардида, дар номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” дар доираи озмуни “Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор” ҷои дуюмро сазовор шуд.
30 майи соли 2024 натиҷаҳои озмун дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” ҷамъбаст карда шуд.
Маросими тантанавӣ дар бонки Миллии Тоҷикистон бо иштироки бо иштироки роҳбарияти бонк, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, ҳайати ҳакамон ва тадорукот, намояндагони шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Лоиҳаи калидӣ дар самти дастгирии бонувони соҳибкор, ки аз ҷониби ФИНКА Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, Клуби Бонувони ФИНКА мебошад, ки алакай ду сол дар тамоми 26 филиали ташкилот бомуваффақият фаъолият мекунад. Клуб барнома барои бонувонест, ки барои рушди молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии худ кӯшиш мекунанд. Зиеда аз 4300 зан аз саросари Тоҷикистон ба Клуб дохил шуда, ба омӯзишҳо, табодули дониш, машваратҳо ва аз ҳама муҳим, ба хизматрасониҳои молиявии дастрас дастрасӣ пайдо карданд.
Кӯшишҳои ТАҚХ ФИНКА Тоҷикистон барои дастгирии бонувони соҳибкор сазовори эътироф ва дастгирӣ мебошанд, зеро он на танҳо ба рушди тиҷорат, балки ба таҳкими мавқеи иҷтимоию иқтисодии занон дар ҷомеа мусоидат мекунад.


