Клуби Бонувони FINCA

Клуби Бонувони FINCA – ҳама он чизе, ки ба шумо лозим аст, дар ин ҷост

Пешравии бонувон – ҳадафи мост!

Клуби Бонувони FINCA

Дониш гиред, малакаҳои худро такмил диҳед, таҷрибаро мубодила кунед ва имкониятҳои нав пайдо кунед.

Ин платформа барои занони соҳибкор буда, имкони гирифтани хизматрасониҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ дар 26 дафтари FINCA дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон медиҳад.

Мо ба шумо фоизҳои махсус барои қарзҳо ва пасандозҳо, суғуртаи дастрас, дастгирии дарефти грантҳо ва сармоягузорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои шумо пешниҳод менамоем.

Афзалиятҳо барои аъзоёни Клуб
  • Ишитрок дар ҳама чорабиниҳои FINCA: тренингҳо, семинарҳо, форумҳо, чорабиниҳои ибратбахшу судманд (менторӣ);

  • Робитаҳо: муошират, ҷустуҷӯйи ҳамфикрон, мулоқот бо намояндагони соҳибкории муваффақ, тамос бо муштариёни имконпазир;

  • Имтиезҳои хизматрасонӣ: хизматрасонӣ дар соатҳои корӣ, корманди мобилӣ барои гирифтани маълумот дар бораи хидматҳо ва гирифтани дархостҳо барои хидматҳои finca дар маҳал/хона, мушовири инфиродӣ таъиншуда, огоҳиномаҳои sms дар бораи фаъолияти клуб.

  • Кортҳои Ко-брендингии FINCA бо имконияти истифода ҳамчун корти бонкӣ ва ҳам корти Клуб

  • Дастрасӣ ба хизматрасониҳои рақамӣ: хизматрасонии FINCA Online (https://online.finca.tj), қарздиҳӣ тавассути планшетҳо, суръатнокии коркард ва дастрас намудани қарор оид ба дархост, хидматрасонии муштариён тавассути маркази тамос ва ташаббусҳои рақамӣ;

Узвият

Узвият барои ҳамаи занони аз 18-сола боло кушода аст, ки хоҳишманди беҳбудии некӯаҳволии молиявии худ, дорои бизнеси шахсии мебошанд, омодаи оғоз намудани кори худ ва инкишофи малакаи худ мебошанд.

Ба Клуби Бонувони FINCA аъзо шавед

Маълумоти тамосии худро бо ин шакли оддӣ мубодила кунед


FINCA Women Club News

  • Клуби бонувони FINCA ба илҳом бахшидан ва омӯзондани занон идома медиҳад!

    FINCA women club 10-07-2025

    Аз 12 то 18 июни соли 2025 Клуби бонувони FINCA як қатор омӯзишҳоро дар филиалҳои Хуҷанд, Ёвон, Турсунзода, Панҷ ва Ваҳдат баргузор намуд. Мавзӯи вохӯриҳо самти муҳимро дар бар мегирифт: «Рушди соҳибкорӣ, саводнокии молиявӣ ва рақамии молиявӣ».

  • Илҳом ва таълим: Муаррифии Coca-Cola барои аъзоёни Клуби бонувони ФИНКА

    FINCA women club 05-05-2025

    1 майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати Coca-Cola ва лоиҳаи он “Хоҳари ман”, ки ба рушди бонувони соҳибкор равона шудааст, барои иштирокчиени Клуби бонувони ФИНКА презентатсияи ҷолиб дар бораи ширкати Coca-Cola ва инчунин экскурсия дар корхона гузаронида шуд.

  • Рушди иқтидори бонувон : Дар Бохтар ва Кӯлоб омӯзишҳо оид ба рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM дар доираи Клуби Бонувони FINCA баргузор шуд

    FINCA women club 17-02-2025

    Аз 21 то 24 январи соли 2025, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб ба майдонҳои омӯзишии илҳомбахши “Рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM” табдил ёфтанд. Чорабиниҳо аз ҷониби Клуби Бонувони FINCA бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуданд.

  • Клуби бонувони FINCA дар шаҳри Хӯҷанд омӯзиш оид ба рушди малакаи роҳбарӣ ва SMM баргузор кард

    FINCA women club 03-02-2025

    Рӯзҳои 10 ва 11 январи соли ҷорӣ Клуби бонувони FINCA омӯзишҳои дурӯза доир ба рушди малакаҳои роҳбарӣ ва SMM дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор кард.

  • 2 сол якҷоя: Сафари Клуби бонувони ФИНКА ба сӯи муваффақият

    FINCA women club 27-01-2025

    2 солагии Клуби Бонувони FINCA ҷашн мегирем! Дар соли 2024 Клуби мо муваффақиятҳои назаррас ба даст овард ва як ҷомеаи беназиреро таъсис дод, ки зиеда аз 2486 занро барои рушд ва мустақилияти молиявӣ муттаҳид мекунад.

  • Ду мизоҷи мо соҳиби унвони “Сафири Клуби Бонувони FINCA” шудаанд

    FINCA women club 28-11-2024

    Мо аз дастовардҳои барҷастаи Шарипова Шаҳриниссо аз ноҳияи Ёвон ва Низомова Маҳбуба аз ноҳияи Шаҳритуз, ки дар рушди Клуби Бонувони FINCA саҳми назаррас гузоштаанд, хушҳолем.

Навсозии охирин: March 7, 2025

Мо ҳамеша аз сӯҳбат бо шумо шодем!

Рақами телефони худро ворид кунед, то мо тавонем бо Шумо тамос гирем.