FINCA ONLINE – системаи онлайн-бонкинг буда, ба тамоми дорандагони кортҳои Низоми Пардохти Миллии «Корти миллӣ» имкон медиҳад, ки тавассути Интернет дар вақти воқеӣ пардохт ва интиқоли маблағро анҷом диҳанд.

Тариқи FINCA Online шумо метавонед:

Пардохти хидматрасонии мобилӣ ё Интернетро дар вақти бароятон қулай иҷро намоед.

Хизматрасониҳои коммуналиро бидуни тарки хона сари вақт, зуд ва қулай пардохт кунед.

Кортҳои худро ба хидматрасонии FINCA Online пайваст намоед ва интиқоли фаврии маблағро аз корт ба корт дар дохили кишвар ва инчунин интиқоли байналмилалиро аз корт ба корт (ба / аз Федератсияи Русия) анҷом диҳед.

Пардохти қарз ё пуркунии тавозуни суратҳисоби пасандоз тавассути FINCA Online боз ҳам осонтар мегардад.

Қоидаҳои бақайдгирӣ:
Барои сабти ном дар хидматрасонии FINCA Online, рақами телефони мобилии худро истифода баред.
ДИККАТ! Рамзи аз FINCA ҳангоми бақайдгирӣ дастрасшуда набояд ба шахсони сеюм, аз ҷумла ба кормандони FINCA расонда шавад.

Барои истифода аз хидматрасонии FINCA Online ба истиноди https://online.finca.tj/login ворид шуда, аз қайд гузаштан лозим аст.