Validity period: 24/08/2023 - 03/09/2023
Duty Station: ш.Душанбе ва филиалҳои Минтақаи марказӣ
Position: Мутахассиси сайёр оид ба қарзҳои мушкилситон дар филиалҳои Минтақаи марказӣ
Department: Шӯъбаи қарзҳои мушкилситон

Уҳдадориҳои асосӣ:

  • Гузаронидани таҳлили сандуқи қарзии худ, бо истифода аз Ҳисоботҳо дар бораи кор бо қарзҳои мушкилситон;
  • Рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтодае, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд(WR1070), тибқи Дастур оид ба рӯёнидани қарзҳои батаъхирафтода;
  • Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои батаъхирафтода, ки ба сандуқи қарзии вай таалуқ доранд;
  • Гузаронидани корҳои фаҳмондаҳиҳӣ бо мизоҷони мушкилситон ва шахсони алоқаманди онҳо, боварӣ ҳосил кунондан ва моил карани онҳо ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои худ дар назди ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА»;
  • Ҳуҷҷатгузорӣ намудани натиҷаҳо ва тамоми маълумот дар бораи имконпазирии ситонидани қарз;
  • Ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти маълумот дар бораи далелҳои вайрон кардани расмиёт ва/ ё қаллобӣ (ҳам аз тарафи  кормандони  филиал, ҳам аз тарафи мизоҷ/шахси алоқаманд); 

Талабот нисбати номзадон:

Таҳсилот:

  • Олӣ,  олии нопурра, таҳсилоти миёнаи техникӣ.

Малакаҳои кор:

  • Донистани  забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
  • Маҳорати созгорӣ бо одамон, ҳусни муошират;
  • Малакаҳои пешбурди гуфтушунид ва эътиқодманд намудани ҳамсӯҳбатони худ.
  • Малакаҳои таҳия намудани ҳисоботҳои техникӣ.
  • Малакаҳои кор дар  компютер.
  • Қобилияти таҳлилӣ.

Таҷрибаи корӣ:

  • Ҳадди ақал собиқаи 6-моҳаи корӣ дар бахши  бонкдорӣ,  ба мисли шуъба оид ба қарзҳои мушкилситон, шуъбаи қарзӣ, Филиал/МХБ (ба истиснои вазифаи ронандагӣ ва корманди техникӣ), шуъбаи аудит/назорати дохилӣ, шуъбаи муҳосибот.

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо  номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 3 сентябри соли 2023 ба суроғаи ш.Душанбе, кӯч.Фирдавси 61, идораи  ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи  электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб  мавқеи  дархостшударо нишон диҳед), телефон  барои маълумот: (+992) 93 322 40 40.

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!