Validity period: 05/06/2023 - 18/06/2023
Duty Station: Шаҳритус
Position: Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон
Department: Дирексияи тиҷоратӣ

ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА бо пешниҳоди қарз ва хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкорони хурду миёна  дар 24 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тасмим гирифтааст, ки  фаъолият ва ҳузури минтақавии худро вусъат бахшида, маҳсулотҳои нави бонкиро ҷорӣ намояд.  ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА аъзои  шабакаи байналмилалии  FINCA Impact Finance (ш. Вашингтон, округи Колумбия, ИМА) буда, 17 ташкилоти молиявии хурд ва бонкҳоро дар бар мегирад, ки дар саросари ҷаҳон ҷойгир шудаанд. Ҷиҳати таъмини рушди фаъол ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА  дар ҷустуҷўйи Мутахассис  оид ба Хизматрасонии Мизоҷон барои кор дар филиали Шаҳритус аст.

 

Уҳдадориҳои асосӣ:

  • Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва  мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.
  • Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
  • Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.
  • Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои  FORS  ва таъминоти барномавии  низоми интиқоли маблағҳо.
  • Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии  қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол  барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
  • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.
  • Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.
  • Гузаронидани расмиёти  ифтитоҳӣ  (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.
  • Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.
  • Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.

Талабот нисбати номзадон:

  • Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;
  • Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;
  • Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар НАБ  Flexcube;
  • Донишу малакаҳои кор  бо компютер  (Word, Excel, Internet, Outlook);
  • Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо  номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 18 июни соли 2023 ба суроғаи н. Шаҳритус, кӯч. И. Сомонӣ 49 “г”,  идораи  ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи  электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб  мавқеи  дархостшударо нишон диҳед), телефон  барои маълумот (+992) 93 572 46 67.

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!