Validity period: 23/04/2024 - 07/05/2024
Duty Station: н. Восеъ
Position: ХАЗИНАДОР дар филиали н.Восеъ
Department: Дирексияи тиҷоратӣ

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

  • Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;
  • Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;
  • Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;
  • Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
  • Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
  • Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
  • Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;

 

Ихтисоси матлуб:

  • Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;
  • Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;
  • Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;
  • Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;
  • Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо  номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 7 маи соли 2024 ба суроғаи н. Восеъ, шаҳраки Восеъ, кӯч. И. Рахимов  ё ба суроғаи  электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед дар сатри мавзӯи мактуб  мавқеи  дархостшударо нишон диҳед), телефон  барои маълумот: 93 572 01 14

Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!

 

Application Form