Validity period: 26/05/2023 - 07/06/2023
Duty Station: Хуросон
Position: Ёвари Шӯъба
Department: Дирексияи тиҷоратӣ

ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА бо пешниҳоди қарз ва хизматрасониҳои молиявӣ ба соҳибкорони хурду миёна  дар 24 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тасмим гирифтааст, ки  фаъолият ва ҳузури минтақавии худро вусъат бахшида, маҳсулотҳои нави бонкиро ҷорӣ намояд.  ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА аъзои  шабакаи байналмилалии  FINCA Impact Finance (ш. Вашингтон, округи Колумбия, ИМА) буда, 19 ташкилоти молиявии хурд ва бонкҳоро дар бар мегирад, ки дар саросари ҷаҳон ҷойгир шудаанд. Ҷиҳати таъмини рушди фаъол ҶДММ ТАҚХ  ФИНКА дар ҷустуҷўйи Ёвари шӯъба барои кор дар дар МХМХ Хуросон аст.

Уҳдадориҳои асосӣ:

  • Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;
  • Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;
  • Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо
  • Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;
  • Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст;
  • Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ  (дар шакли электронӣ ва  чопӣ/коғазӣ);
  • Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;

 

Талабот нисбати номзадон:

  • Таҳсилоти олӣ  (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)
  • Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад)
  • Дониши барномаҳои компютерӣ:  Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.
  • Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ
  • Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият
  • Маҳорати  кори дастаҷамъона
  • Қобилият зудомўзӣ.
  • Ташаббускорӣ.

Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо  номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то  7 июни соли 2023 ба суроғаи  н.Хуросон, ҷамоати деҳоти С.Айни, деҳаи Уяли,  идораи  ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи  электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб  мавқеи  дархостшударо нишон диҳед), телефон  барои маълумот(+992) 93 570 0234

 Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!