Аъзоёни Клуби Бонувони FINCA ба сафари ҷолиби омӯзишӣ ва маърифатӣ ба шаҳри Хуҷанд рафтанд.

Иштирокчиёни сафари мазкур аввал ба Саридораи ТАҚХ FINCA омада, бо Директори генералии ташкилот Сергей Ким мулоқот карданд.

Сергей Ким ба аъзоҳои фаъоли Клуб сертификатҳо супурд ва сипас ба онҳо роҳи сафед ва дар сафари дарпешистода муваффақиятҳои калон таманно намуд.

Ин сафар барои аъзоёни Клуб як таҷрибаи фаромӯшнашаванда хоҳад шуд, ки ҷаҳонбинии молиявии онҳоро васеъ мекунад, ба онҳо барои барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва тавлиди ғояҳои нав мусоидат хоҳад кард.