ФИНКА ТОҶИКИСТОН АЪЗО МЕБОШАД:

АТМХТ  – Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон бо мақсади намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни он, аксарияти ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои манфиатдор дар рушди маблағгузории хурдро дар Тоҷикистон муттаҳид менамояд. АТМХТ доираи васеи хизматрасониҳо ва дастгирии аъзоёни худро анҷом медиҳад, аз  ҷумла,  тавассути пешбарӣ ва мусоидат намудан ба манфиатҳои бахши маблағгузории хурд,  ташкили тренингҳо ва семинарҳои мавзӯӣ, гузаронидани таҳқиқоти мухталифи дахлдор, омӯзиши лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили вохӯриҳо / мубоҳисаҳо ва мизҳои мудаввар бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

ФИНКА узви  АТМХТ ва ҳамкори он мебошад ва дар фаъолияти Ассосиатсия  фаъолона иштирок мекунад.

АБТ – Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо мақсади намояндагӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни он, низоми ташкилотҳои Тоҷикистонро муттаҳид менамояд. АБТ пешбарии манфиатҳои аъзоёни худро, ҳамчун як намояндаи ҷомеаи бонкӣ, дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо бомуваффақият анҷом медиҳад. АБТ доираи васеи хизматрасониҳо ва дастгирии аъзоёни худро анҷом медиҳад, аз  ҷумла,  тавассути пешбарӣ ва мусоидат намудан ба манфиатҳои бахши бонкдорӣ,  ташкили тренингҳо ва семинарҳои мавзӯӣ, таҳқиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкили вохӯриҳо / мубоҳисаҳо ва мизҳои мудаввар бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

ФИНКА узви АБТ ва ҳамкори он мебошад ва дар фаъолияти АБТ фаъолона иштирок мекунад.

Бюрои  қарзию  иттилоотии  Тоҷикистон  (БҚИТ)  –  як ширкати тахассусие мебошад, ки вазифаҳои платформаро барои ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди маълумоти таърихӣ оид ба ӯҳдадориҳои қарзӣ амалӣ менамояд. БҚИТ ташкилотҳои молиявиро бо маълумоти зарурӣ дар бораи таърихи қарзии мизоҷон таъмин менамояд, ки ин раванди қабули қарорро дар бораи қарздиҳӣ ва маблағгузорӣ сабук гардонида, ба арзёбии нисбатан босифат ва идоракунии самараноки хавфҳо мусоидат мекунад. ФИНКА яке аз саҳмдорони БҚИТ мебошад ва дар фаъолияти стратегии он фаъолона ширкат меварзад.

Палатаи савдои  Амрико дар Тоҷикистон (AmCham Таджикистан) — бизнес-иттиҳодияи пешбари миллӣ мебошад,  ки дастрас гардонидани имкониятҳои шабакавӣ, рушди бизнес ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёнашро таъмин менамояд. Тайи чанд соли охир AmCham ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва махзани узвияти он пайваста меафзояд. Узвият дар AmCham барои ҳама гуна бизнес-ташкилотҳо, новобаста аз он, ки дар дохили Тоҷикистон ва ё берун аз он фаъолият доранд ва  омодаанд барои расидан ба муҳити озоду мусоиди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар саҳм гузоранд, кушоду равшан ба роҳ мода шудааст.  ФИНКА узви  AmCham ва ҳамкори он буда, дар фаъолияти он фаъолона иштирок менамояд.