Клуби бонувони FINCA

Пешравии бонувон – ҳадафи мост!

Бонувони FINCA – платформае, ки занонро аз соҳаҳои гуногун, бо мақсади дониш андӯхтан, такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нав муттаҳид мекунад. Клуби бонувон FINCA ба занон имкон медиҳад, ки дар 26 офис дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ки дар он FINCA Тоҷикистон фаъолият мекунад, хидматҳои молиявӣ ва ғайримолиявиро дастрас кунанд.

Афзалиятҳои клуб

  • Омӯзиш ва рушд: тренингҳо, семинарҳо, форумҳо, чорабиниҳои ибратбахшу судманд (менторӣ);
  • Робитаҳо: муошират, ҷустуҷӯйи ҳамфикрон, мулоқот бо намояндагони соҳибкории муваффақ, тамос бо муштариёни имконпазир;
  • Хизматрасонӣ: хизматрасонии бенавбат, мутахассиси алоҳидаи хизматрасонӣ ва мавҷудияти мутахассиси мобилӣ барои истифодаи қулай ва роҳати маҳсулот ва хизматрасониҳо, СМС – хабарҳо;
  • Имтиёзҳо: дастрасӣ ба меъёрҳои имтиёзнок оид ба маҳсулоти қарзӣ ва пасандозҳо;
  • Кортҳои кобрендингии FINCA: имконияти истифодаи ҳам корти бонкӣ ва ҳам корти клуб;
  • Имкониятҳои молиявии рақамӣ: истиноди FINCA Online (https://online.finca.tj), қарздиҳӣ тавассути планшетҳо, суръатнокии коркард ва дастрас намудани қарор оид ба дархост, хидматрасонии муштариён тавассути маркази тамос ва ташаббусҳои рақамӣ;

  • Таъмин намудани сугуртаи дастрас.
  • Мусоидат дар дарёфти грантҳо ва сармоягузорӣ;

Аъзо шудан

Анкета для вступления в клуб.


Узвият

Узвият барои ҳамаи занони аз 18-сола боло кушода аст, ки хоҳишманди беҳбудии некӯаҳволии молиявии худ, дорои бизнеси шахсии мебошанд, омодаи оғоз намудани кори худ ва инкишофи малакаи худ мебошанд.

Календарь