Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занон, FINCA Тоҷикистон дар доираи Клуби бонувони FINCA бо иштироки занон барои баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба некӯаҳволии молиявӣ ва рушди онҳо сӯҳбатҳо баргузор намуд. Сӯҳбатҳо аз 4 то 7 март дар шаҳрҳои Бохтар, Ҳиссор, Душанбе ва ноҳияи Восеъ гузаронида шуданд.

Иштирокчиёни сӯҳбатҳо дар бораи муваффақиятҳо ва мушкилиҳое, ки онҳо дар соҳаи молиявӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва инчунин ниёзҳои молиявии худ мубодила карданд. Ингуна сӯҳбатҳо ба ФИНКА кӯмак мекунад, ки эҳтиёҷоти занонро беҳтар дарк кунад, то стратегияҳои самараноки дастгирии занонро дар соҳаи молияро таҳия кунанд.

Мо ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳми пурарзишашон, барои ошкорбаёнӣ ва омодагии онҳо барои мубодилаи фикру таҷрибаи худ изҳори сипос менамоем. Дар якҷоягӣ мо метавонем корро дар самти фароҳам овардани муҳити фарогири молиявӣ идома диҳем, ки дар он ҳар як зан имкони расидан ба ҳадафҳои молиявии худро дорад