Дар ноҳияи Рудакӣ банкомати FINCA Тоҷикистон дар назди филиали ташкилот насб гардид.

Акнун ҳама дорандагони кортҳои “Корти Миллӣ” метавонанд аз банкомати FINCA дар вақти барояшон мувофиқ пул гиранд.

Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва шабакаи хизматрасонии кортҳои “Корти Миллӣ” FINCA Тоҷикистон васеъ кардани шабакаи банкоматҳои ташкилотро идома хоҳад дод ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ банкоматҳоро насб хоҳад кард.

Кортҳои бонкиро аз FINCA метавонед дар сомонаи мо бо истиноди https://bit.ly/kortho ё тавассути муроҷиат ба яке аз идораҳои мо бо шиносномаи худ фармоиш диҳед.