Аз 7 то 16 июни соли 2023 дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиен, Дӯстӣ ва ш. Бохтар аз ҷониби Клуби бонувони FINCA дар мавзӯҳои «Соҳибкорӣ» ва «Дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ» омӯзишҳо гузаронида шуданд.

Омӯзишҳоро устоди варзида, мутахассиси соҳаи худ Ораш Хоҷамуродов, инчунин Менеҷери барнома оид ба фарогирии занон дар FINCA Тоҷикистон Солиева Гулноза гузарониданд.

Ҳар маротиба шумораи иштирокчиёни Клуби бонувони FINCA зиёд мегардад ва шумораи иштирокчиени омӯзишҳои мо низ бештар шуда истодааст, ки ин аз майлу хоҳиши зиёди занон барои рушди молиявӣ шаҳодат медиҳад. Мо бошем, бениҳоят шодем, ки саъю кушиши мо судбахш аст.

Сипоси беандоза барои ҳамкорӣ ва дастгирии Клуби бонувони FINCA ба донори мо – Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мегардад, баен мекунем.