Аз санаи 20 июл то 9 августи соли 2023 барои аъзоени Клуби бонувони FINCA дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Қубодиён ва Хуросон омӯзишҳо дар мавзӯи “Саводнокии молиявии электронӣ ва рақамӣ” гузаронида шудаанд.
Омӯзиш ҷанбаҳои гуногуни саводнокии молиявии рақамиро, аз ҷумла онлайн-банкинг, замимаҳои мобил,  пардохтҳои электронӣ ва бехатарии истифодаи воситаҳои элктрониро фаро гирифт. Мо ба мизоҷони худ малакаҳо ва маслиҳатҳои амалӣ додем, то ба онҳо кӯмак расонанд, ки маблағҳои худро дар асри рақамӣ ба осонӣ ва бехатар идора кунанд.
Мо шодем, ки иштирокчиён фаъол буданд ва ба саводнокии молиявии рақамӣ таваҷҷуҳи калон карданд. Мо ифтихор дорем, ки ба мизоҷони худ дар рушди малака ва дониши онҳо дар ин самт кӯмак расонем.