Рӯзҳои 4 ва 5 июл Клуби бонувони FINCA барои иштирокчиёни худ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ омӯзиш дар мавзӯи “Саводнокии молиявии электронӣ ва рақамӣ” баргузор намуд.

Омӯзиш бо мақсади кӯмак расонидан ба иштирокчиён барои беҳтар фаҳмидан ва истифода бурдани воситаҳо ва технологияҳои рақамӣ барои идоракунии молияи худ ташкил карда шудааст.

Омӯзиш ҷанбаҳои гуногуни саводнокии молиявии рақамиро, аз ҷумла онлайн-банкинг, замимаҳои мобилӣ пардохтҳои электронӣ ва бехатарии истифодаи воситаҳои элктрониро фаро гирифт. Мо ба мизоҷони худ малакаҳо ва маслиҳатҳои амалӣ додем, то ба онҳо кӯмак расонанд, ки маблағҳои худро дар асри рақамӣ ба осонӣ ва бехатар идора кунанд.

Ташаккур ба ҳамаи иштирокчиёни тренинг барои иштироки фаъолона ва таваҷҷуҳ ба саводнокии молиявии рақамӣ ва инчунин ба устоди мо Менеҷер оиди таълим ва рушди кормандон дар FINCA Тоҷикистон Саъди Давлатов барои меҳнат ва саҳми онҳо дар рушди Клуби бонувони FINCA. Мо ифтихор дорем, ки ба мизоҷони худ дар рушди малака ва дониши онҳо дар ин самт кӯмак мерасонем.