Ҳар сол дар бисёр кишварҳои ҷаҳон 31 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии пасандозҳоро таҷлил мекунанд, ки ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи ғояи нигоҳдории пул ва истифодаи оқилонаи он мебошад.

Тибқи анъана, дар давоми моҳи октябр, FINCA Тоҷикистон бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталиф оид ба саводнокии молиявӣ мегузаронад.

Яке аз чунин чорабиниҳо рӯзи 13 октябр дар филиали ТАҚХ FINCA, ки дар маркази пойтахт воқеъ аст, баргузор шуд. Дар бораи дуруст ва окилона истифода бурдани маблағхо ва сарфаю сариштакорӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд. Ин омӯзиш барои ҳамаи иштирокчиён хеле манфиатдор буд.