FINCA Тоҷикистон ҳамеша кушиш мекунад, ки то ҳадди имкон фарогири гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ бошад. Имсол дар доираи Клуби бонувони FINCA як қатор чорабиниҳо бахшида ба фарогирии занон ташкил гаштааст.

Яке аз чунин чорабиниҳо Субҳонаи иҷоратӣ дар ду шаҳри кишвар – Душанбе ва Хуҷанд мебошад. Чунин чорабиниҳо аз ҷониби FINCA бори аввал ташкил карда шуданд. Субҳона дар яке аз беҳтарин қаҳвахонаҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуданд. Дар чорабиниҳо бонувони муваффақ, ки соҳиби касбу ҳунар ҳастанд ва ба комёбӣ ва мустақилияти молиявӣ ноил шудаанд, ширкат варзиданд. Инҳо пешвоёни афкор, таҳлилгарони молиявӣ, фурӯшандагон, намояндагони соҳаи ороишӣ ва ҳатто намояндагони ҳукумат мебошанд, ки ба рушди занон машғуланд ва саҳми бебаҳои худро мегузоранд.

Дар чорабиниҳо баромадкунандагон дар бораи воситаҳои дастгирии соҳибкории занон дар Тоҷикистон, нақши созмонҳои молиявӣ дар тиҷорат ва инчунин оиди Клуби бонувони FINCA ва манфиатҳои он суханронӣ карданд. Инчунин дар чорабинӣ мизоҷони FINCA ҳамчун маърӯзачиён баромад карда, нақл карданд, ки чӣ тавр дар ҳамкорӣ бо FINCA Тоҷикистон дар тиҷорат муваффақият ба даст овардаанд. Онҳо аз таҷрибаи худ ҳарф зада, чӣ гуна ба рушди тиҷорат шурӯъ карданд ва дар ин роҳ душвориҳое пайдо шуданд нақл карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар чорабинии мазкур иштирокчиён ба Клуби бонувони FINCA таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд, зеро FINCA дар байни ташкилотҳои молиявӣ аввалин шуда чунин лоиҳаро барои дастгирии занони соҳибкор, рушди онҳо ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии онҳо роҳандозӣ мекунад.