Ба ифтихори 20-солагии ташкилот FINCA Тоҷикистон барои мизоҷон пешниҳоди навро эълон менамояд – молҳо ва хизматрасониҳо ба насия бе фоиз!

Телевизорҳо, яхдонҳо, мошинаҳои ҷомашӯӣ ва бисёр чизҳои дигар – ҳамаи инро метавон ба насия БЕ ПАРДОХТИ ЗИЁДА БО 0% аз Маркази савдои Авранг ва Маркази савдои «Волна» дастрас намоед. Инчунин, барои дӯстдорони варзиш FINCA Тоҷикистон обунаи солонаро ба толори варзишии X-fit ба насия бе фоиз пешкаш менамояд – бихаред ва маблағашро дар вақти ба шумо мувофиқ супоред. Насияи бефоиз аз FINCA Тоҷикистон ин имконияти хуб барои дастрас кардани моли зарурӣ худи ҳоло бидуни таъхири харид бо сабаби маҳдудиятҳои молиявӣ аст.

Системаи пардохти насия оддӣ ва қулай аст. Мизоҷ маҳсулотро ва мӯҳлати пардохти дилхоҳро интихоб мекунад (то 10 моҳ). Мо бошем, вақт ва шартҳои мувофиқро барои мизоҷ пешниҳод менамоем. Барои дастрас кардани молҳо ба насия танҳо шиносномаи мизоҷ лозим аст.

Насия қулай ва муфид аст ва ҳангоми хариди молҳо буҷаи шуморо изофабор намекунад. Илова бар ин, насия яке аз роҳҳои хуби беҳтар намудани таърихи қарзӣ мебошад.

Мо ҳамеша омодаем, ки ба шумо дар хариди молҳо бе мушкилот кӯмак расонем.