Хуш омадед ба FINCA.tj, ки аз ҷониби ҶДММ ТАҚҲ ФИНКА (минбаъд “ФИНКА Тоҷикистон”) идора карда мешавад. Шартҳои зерини истифодабарӣ (“Шартҳо”) дастрасӣ ва истифодаи шуморо ба сомона ба сомона ва истифодабарӣ аз онро танзим мекунанд. Лутфан ин Шартҳоро бодиққат хонед, зеро ин санад як созишномаи ҳуқуқӣ мебошад. Бо вуруд ба сомона ва истифода аз он, шумо ба ин Шартҳо розигии худро медиҳед. Агар шумо розӣ набошед, лутфан ба сомона ворид нашавед ва онро истифода набаред.

1. Сабти ном ва маводи корбар
Баъзе аз хусусиятҳои сомона мумкин аст ниёз ба сабти ном ё пур кардани шакл (форма)-ро дошта бошанд, то корбарон битавонанд паёмҳо, аксҳо ва дигар маводҳои корбарии худро (“Маводҳои корбарӣ”) ирсол кунанд. Шумо розӣ мешавед, ки мутобиқи дархост ё дастурҳои сомона дар бораи худ маълумоти дақиқ ва пурраро пешниҳод намоед ва ин иттилоотро сари вақт навсозӣ кунед, то дурустии онро ҳифз кунед.

Шумо ҳамеша барои маводи корбарии худ, барои нигоҳ доштани махфияти номи корбарӣ ва гузарвожаи худ ва барои ҳамаи фаъолиятҳое, ки таҳти гузарвожа ё ҳисоби шумо рух медиҳанд, масъул мебошед. Шумо розӣ мешавед, ки дар сурати огоҳ шудан аз истифодаи беиҷозаи гузарвожа ё номи корбарии шумо ё оиди вайронкуниҳои дигари амниятӣ фавран ФИНКА Тоҷикистонро огоҳ кунед.

ФИНКА Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, аммо на вазифадор аст, ки ҳар лаҳза, бе огоҳии пешакӣ ва бо салоҳдиди худ, маводҳои корбарро, ки Шартҳоро вайрон мекунад ё бо ягон сабаби дигар қобили қабул намебошанд, пайгирӣ, мулоҳиза, ҳазф, рад ё ислоҳ кунад.

Бо ирсоли маводҳои корбарӣ ба сомона, шумо ба ФИНКА Тоҷикистон, шахсони вобаста ва шарикони ФИНКА иҷозатномаи (литсензия) умумиҷаҳонӣ, бемӯҳлат, бебозгашт, ройгон, ғайристисноӣ, муҷоз барои истифода, нусхабардорӣ, интиқол ва интишори маводи корбарӣ дар ҳама гуна шакл, васила ё технологияе, ки дар ҳоли ҳозир маълум аст ё дертар таҳия мешавад, пешниҳод мекунед. Шумо розӣ мешавед, ки ба истилоҳ “ҳуқуқи ахлоқиро” дар маводҳои корбарии худ алайҳи мо, ширкатҳои вобаста ё шарикони мо татбиқ накунед.

2. Рафтори корбар
• Сомона барои корбарони то 18-сола пешбинӣ нашудааст. Агар ба синни 18-сола нарасида бошед, шумо наметавонед маълумоти шахсиро дар сомона пешниҳод ё ба таври умумӣ нашр кунед. Бо истифода аз сомона, шумо розӣ мешавед, ки:
• Ҳеҷ гуна қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла, ҳуқуқҳои муаллиф, тамғаҳои молӣ ё дигар ҳуқуқҳои моликияти ФИНКА Тоҷикистон ё ягон тарафи сеюмро вайрон накунед;
• ФИНКА Тоҷикистон ё ягон тарафи сеюмро таҳдид, таҳқир, бадном ва ё хиҷолатзада накунед;
• Худро аз сӯи ФИНКА Тоҷикистон ё тарафи сеюм муаррифӣ накунед;
• Кӯшиш намоед гузарвожа, маълумоти дигар оид ба ҳисоб ё маълумоти шахсӣ аз дигаронро дарёфт кунед ва ҳамчунин суроғаҳои почтаи электронӣ ё дигар маълумотҳоро ҷамъоварӣ намоед;
• Ҳар гуна муҳтавои тиҷорӣ, аз ҷумла таблиғот ва маводҳои таблиғотиро нашр кунед, ба шарте ки аз тарафи ФИНКА Тоҷикистон иҷозат дода шавад;
• Дар ҳар иқдомоте, ки ба ФИНКА ё ягон тарафи дигар дар истифодаи сомона монеа эҷод мекунад, иштирок намоед, аз ҷумла ҳама гуна фаъолиятҳое, ки кӯшиши таҳқиқ, скан ё озмоиши осебпазирии системаҳо ё шабакаҳои ФИНКА Тоҷикистон, вайрон кардани чораҳои амниятӣ ва тасдиқкуниро эҷод мекунанд, ё ба инфрасохтори сомона бор кардани бори беасос ё ғайримуҷоз; ва
• Иштирок намудан дар иқдомоте, ки аз дидгоҳи ФИНКА Тоҷикистон таҳқиромез, дағалона, фаҳш ва нораво мебошанд.

3. Тамғаҳои молӣ
Тибқи қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба тамғаҳои молӣ, ҳама ҳуқуқҳо ба номгӯи маҳсулот, ширкатҳо, тиҷорат, логотипҳо, аломатҳои хизматрасонӣ, ҳувияти ширкат, шиорҳо ва тарҳҳои маҳсулоти ФИНКА Тоҷикистон, новобаста аз он ки онҳо бо ҳуруфи калон ё бо тамғаи молӣ зоҳир мешаванд фақат, ба ФИНКА Тоҷикистон, FINCA Impact Finance ё FINCA International ё соҳибони дахлдори онҳо тааллуқ дорад ва аз нусхабардорӣ, тақлид ё истифодаи гумроҳкунанда мутобиқи қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба тамғаҳои молӣ ва ҳуқуқи муаллиф муҳофизат карда мешавад.

Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар инҷо ба таври возеҳ иҷозат дода шудааст, истифода ё истифодаи нодурусти ин тамғаҳои молӣ манъ аст ва ҳеҷ чизи дар сомона ифодаёфта ё ишора кардашуда ба шумо ягон иҷозатнома ё ҳуқуқ ба ягон тамғаи молии ФИНКА Тоҷикистон, филиалҳои он, ё тарафи сеюм намедиҳад.

Мувофиқи Созишномаи мазкур ва шартҳои дигари дар сомона пешниҳодшуда, шумо метавонед истиноди пешниҳодкардаи ФИНКА Тоҷикистонро бо тамғаҳои молии ФИНКА Тоҷикистон танҳо бо мақсади пайвастшавӣ ба FINCA.tj ё ба саҳифаи хайрияи даста аз сомонаҳои дигар истифода баред, ба шарте ки истифодаи шумо аз ин гуна истинод натавонад ин тасаввуротро эҷод кунад, ки ФИНКА Тоҷикистон шарики маҳсулот, молҳо, хизматрасониҳо ё сомонаи шумо мебошад; ё ин ки бо ягон сомонае, ки мундариҷа ё таблиғи порнография, маводи махфиро дар бар мегирад, илова бар таблиғи ғайримуҷози силоҳҳои оташфишон ё ҳар гуна мундариҷа ё таблиғоте, ки метавонад ба эътибори ФИНКА Тоҷикистон зарар расонад.

4. Ҳуқуқи муаллиф
Сомона (аз он ҷумла, бо матнҳо, тасвирҳо, аксҳо, графика, интерфейси корбарӣ, скриншотҳо, тарроҳӣ ва рамзи компютерӣ, инчунин интихоб, ҳамоҳангсозӣ ва ҷойгиркунии ин гуна маводҳо маҳдуд намешавад) бо қонунҳои ҳуқуқи муаллифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.

Ҳамаи ҳуқуқҳои муаллифӣ дар сомона ба моликияти ФИНКА Тоҷикистон ё иҷозатномадорони тарафи сеюми он то ҳадде, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи қонунҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф иҷозат медиҳанд, тааллуқ доранд. Ба истиснои муҳтавое, ки шумо дар сомона ҷойгир кардаед, ё агар мустақиман ба таври хаттӣ иҷозат дода нашуда бошад, шумо наметавонед нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, нашр, ба пойгоҳи додаҳо ворид кардан, намоиш, иҷро, тағир додан, интиқол додан ё ба тавре ягон қисми сомонаро истифода баред.

Агар шумо боварии комил дошта бошед, ки асари бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифзшудаи шумо бе иҷозат дар сомона ба тариқи нусхабардорӣ ё тавре ки вайронкунии ҳуқуқи муаллифро нишон медиҳад, нашр шудааст, лутфан ба агенти таъиншудаи мо оид ба ҳуқуқи муаллифӣ маълумоти зеринро пешниҳод намоед:
• Муайян кардани асари бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифзшуда, ки эҳтимолан вайрон карда шудааст;
• Муайян кардани маводи эҳтимолан ҳуқуқи муаллифро вайронкунанда, ки бояд хориҷ карда шаванд;
• Ном, суроға ва рақами телефони рӯзона, инчунин суроғаи почтаи электронӣ, агар мавҷуд бошад, то дар ҳолати зарурӣ тавонем бо шумо тамос гирем;
• Изҳорот дар бораи он, ки шумо боварии комил доред, ки истифодаи асари бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифзшуда, аз ҷониби соҳиби ҳуқуқи муаллиф, намояндаи он ё қонун иҷозат дода нашудааст;
• Изҳорот дар бораи он, ки маълумоти дар огоҳнома мавҷудбуда дақиқ мебошад ва бо дарки масъулият барои изҳороти дуруғин имзокунанда ваколатдор аст аз номи соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ амал кунад, ки эҳтимолан вайрон карда шудааст; ва
• Имзои электронӣ ё ҷисмонии соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ ё касе, ки аз номи соҳибмулк барои додани изҳорот оид ба вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ ваколатдор аст.
Агенти оид ба ҳуқуқи муаллифии мо барои огоҳинома дар бораи изҳороти вайронкунии ҳуқуқи муаллифи дар сомона Юлия Лесик , Yuliya.Lesik@finca.tj мебошад.
Ҳангоми гирифтани чунин изҳорот мо ҳар гуна муҳтавоеро, ки ҳуқуқи муаллифии ҳар як шахсро вайрон мекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазф мекунем ва имтиёзҳои корбаронеро, ки ҳуқуқи муаллифии дигаронро такроран вайрон мекунанд, бекор мекунем.

5. Сиёсати ҳифзи асрор (Махфият)
Сиёсати махфияти мо тавзеҳ медиҳад, ки чӣ гуна маълумоти шахсии шуморо, ки тавассути сомона дарёфт мекунем, мавриди коркард қарор медиҳем. Бо ворид шудан ба сомона, шумо нишон медиҳед, ки бо усули ҷамъоварӣ, истифода ва ифшои маълумоти дар сиёсати махфияти мо тавсифшударо, ки ба ин Шартҳо дохил карда шудааст, мефаҳмед ва розӣ ҳастед. Агар шумо оид ба сиёсати махфияти мо ягон савол дошта бошед, лутфан бо мо тавассути суроғаи электронии hotline@finca.tj тамос гиред.

6. Муҳтавои ашхоси сеюм ва истинодҳо ба сомонаҳои ашхоси сеюм
Сомона метавонад муҳтавои ашхоси сеюм ва истинодҳо ба сомонаҳои дигарро (“Сомонаҳои пайвандшуда”) дошта бошад. ФИНКА Тоҷикистон сайтҳои пайвастшуда ва маълумоти дар онҳо гузошташударо дастгирӣ, сарпарастӣ, тавсия намекунад ё ба тариқи дигар масъулият надорад.

7. Радди кафолатҳо; Маҳдудияти масъулият
Сомона “тавре ки ҳаст” ва “бо тамоми камбудиҳо” пешниҳод карда мешавад. ФИНКА Тоҷикистон нисбат ба сомона ҳеҷ гуна изҳорот ва ё кафолат намедиҳад, аз ҷумла дар мавриди мутобиқати маҳсулот, мувофиқат ба мақсадҳои муайян, вайрон накардан, дақиқӣ, эътимоднокӣ ё истеҳсолнокӣ.

Дар ҳеҷ сурат ФИНКА Тоҷикистон ё филиалҳои он барои ҳар гуна зарари мустақим, тасодуфӣ, ғайримустақим, махсус ё ҷаримавӣ, ки дар натиҷаи дастрасӣ, сӯиистифода ё истифодаи нодурусти шумо аз сомона ва ё вобаста ба ин корношоямӣ, иштибоҳ, қатъ, нуқсон, таъхир дар кор ё интиқол, вируси компютерӣ, нокомии хат ё система ба вуҷуд омаданд, масъул намебошад. Дар сурати ба вуҷуд омадани баҳс миёни шумо ва корбари дигар дар мавриди истифодабарии сомона, шумо моро аз ҳама гуна даъвоҳо, талабот ва зарари баромада аз чунин баҳс, озод мекунед. Ин маҳдудиятҳо новобаста аз он, ки масъулияти эҳтимолӣ бар асоси қарордод асос ёфтааст, татбиқ карда мешавад, ҳатто агар мо дар бораи имкони чунин зарар огоҳонида шуда будем.

Азбаски баъзе доираҳо истисно ё маҳдуд кардани зарари муайянро иҷозат намедиҳанд, масъулияти мо дар чунин доира ба андозаи иҷозатдодаи қонун маҳдуд хоҳад шуд.

8. Ҷуброн
Вы соглашаетесь возместить и обезопасить нас от любых убытков, ответственности, претензий или требований, включая разумные гонорары адвоката, понесенных или понесенных любой третьей стороной в связи или в результате (прямо или косвенно) вашего доступа к Сайту или использования Сайта или в результате нарушения вами настоящего Соглашения.
Шумо розӣ ҳастед, ки моро аз зарар, масъулият, шикоят ё талабот, аз ҷумла пардохтҳои ҳимоягар, ки аз ҷониби шахси сеюм дар натиҷаи дастрасӣ (мустақиман ё ғайримустақим) ва истифодаи шумо аз сомона ё дар натиҷаи вайрон кардани ин Шартномаҳо ба вуҷуд омаданд, ҳифз кунед.

9. Қатъ
Мы оставляем за собой право удалять или отказывать в размещении или распространении Материалов Пользователей, которые, по нашему собственному усмотрению, нарушают настоящие Условия использования, а также ограничивать, приостанавливать или прекращать участие любого пользователя с Сайта в любое время, с предварительным уведомлением или без него, который, по нашему собственному усмотрению, имеет или нарушает настоящие Условия использования.

Мо ҳуқуқи ҳазф кардан ё радди интишор ва паҳн кардани маводи корбаронеро, ки аз дидгоҳи мо Шартҳои истифодабариро вайрон мекунанд, дорем, инчунин мо ҳуқуқ дорем, ки иштироки ҳар як корбарро дар сомона дар вақти дилхоҳ бо ё бе огоҳии пешакӣ маҳдуд ё қатъ намоем.

Мо ҳар вақт метавонем ин Созишномаро қатъ кунем. Дар акси ҳол, бобҳои дахлдори ин созишнома пас аз қатъкунӣ амал мекунанд.

10. Гуногун
Мо метавонем ба ин Шартҳо тағирот ворид кунем ё ин ки ягон функсияи сомонаро дар ҳар замон бо салоҳдиди худ тағир диҳем. Нусхаи охирини Шартҳоро бо гузаштан ба истинодҳои “Сиёсати ҳифзи асрор” ва “Шартҳои истифода” дар сафҳаи хонагии Сомона дидан мумкин аст. Бо идомаи дастрасӣ ва истифодаи сомона, шумо изҳор медоред, ки ҳама гуна тағйироти Шартҳоро қабул мекунед.

Шартҳои истифодабарӣ ин созишномаи байни мову шумо дар робита бо истифодабарии сомона мебошад. Агар ягон муқаррароти ин Шартҳои истифодабарӣ беэътибор дониста шавад, бахшҳои боқимондаи Шартҳои истифодабарӣ эътибор ва амали худро ҳифз мекунад.

11. Тамосҳо
Агар шумо оид ба Шартҳои истифодабарӣ ягон савол дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред:
ФИНКА Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон
ш.Душанбе, к. Ҷаббор Расулов 9
(+992) 44 600 2323 (tel.)
Суроғаи электронӣ: hotline@finca.tj